Сарбози қатории Гвардияи миллии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Асадулло Пӯлодов, ки дар ноҳияи Рашт адои хизмат мекард, зимни посбонӣ аз аслиҳаи сабтшуда ба номаш худро паррондааст.
Дар хадамоти матбуоти Гвардияи миллии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» ин хабарро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ин амал аз беэҳтиётии сарбоз сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, прокуратураи ҳарбии гарнизони Рашт ба таҳқиқи ҳодиса машғул аст.
Зимнан зикр гардид, ки ҷасади сарбози ҳалокшуда ба наздиконаш дода шуда, имрӯз дар шаҳри Истаравшан ба хок супурда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста