Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар бораи тафсилоти ҳодисаи рухдода дар толори кошонаи ҳусни маркази савдои «Содот»-и пойтахт маълумоти расмӣ интишор намуд.
Дар маълумот зикр мегардад, ки рӯзи 8-уми октябр дар кошонаи ҳусни «Галина»-и Маркази савдои «Содот»-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа соҳибкор Олег Токови 45-сола ба ҳалокат расид.
«Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки сухтори мазкур дар натиҷаи ба худсузӣ даст задани соҳибмулки кошона Олег Токов сар зада, сабаби ба ин амал даст задани ӯ аз шаҳрвандони зиёд дар ҳаҷми беш аз 500 ҳазор доллари ИМА қарздор будани ӯ мебошад», - гуфта мешавад дар маълумот.
Ҳамсараш Галина Алексеева изҳор намудааст, ки сабаби ба худкушӣ даст задани шавҳараш ин қарзҳои зиёди пулӣ ва пайваста занг задани қарздиҳандагон ва пурсон шудани маблағашон мебошад. Инчунин аз суханони завҷааш, Олег рӯзҳои охир дар ҳолати вазнини рӯҳӣ қарор дошта, рӯзи 28-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 14, худро бо шишаи тиреза як чанд ҷойи пойҳояшро бурида хуншор намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад.
Ҳамон рӯз Токов Олег дар ҳуҷраи кориаш пайваста ба кашидани сигор машғул шуда, таклифи ҳамсарашро оиди ба берун баромадан рад намуда, дарҳои ҳуҷраашро аз дохил маҳкам менамояд ва даст ба худсӯзӣ мезанад.
Аз хулосаи мутахассисон бармеояд, ки Токов Олег бо истифода аз моддаҳои барои ороиши рангубори мӯй худсузӣ намудааст, ки чунин ҳолат боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Инчунин аз хулосаи мутахассисон бармеояд, ки ҳолати таркиш дар Кошонаи ҳусни мазкур вуҷуд надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста