Бар асари садамаи нақлиёти рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар минтақаи шиомли ҷумҳурӣ, 4 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафарашон ноболиғонанд.
Тавре аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни ҳаракат дар қаламрави шаҳраки Яхтан ронандаи 33-солаи автомашинаи «Мерседес» Нуралӣ Шодимуродов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа мешавад, ки дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ ва писари 8-солаи ӯ Шодимуродов Рустам дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти дуюм дар роҳи Сомғор-Хуҷанд ба вуқӯъ пайваста, ронандаи 52-солаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» Миршоев Раҷаб бехатарии ҳаракати воситаи нақлиётро таъмин карда натавониста, бо автомашина роҳгузари 69-сола Муҳсинов Музаффарро пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.
Худи ҳамон рӯз ронандаи 27-солаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Азизов Мазрафҷон дар деҳаи Оббурдон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2101» таҳти идораи Асрор Ҳусейнови 33-сола бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофирони он – Далер Ҳусейнови 10-сола, Абдиев Дилшоди 13-сола, Ҳусейнова Бибиназари 4-сола ва Абдиева Азизмоҳи 47-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон мунтақил мешаванд. Баъди чанде Д.Абдиеви 13-сола дар бемористон ба ҳалокат мерасад. Ронандаи «БМВ» М.Азизов бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон оварда шуда, Фирӯза Сулаймоноваи 34-сола аз ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон ҳалок шудааст.
Бино ба иттилои Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят 257 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2013 – 240 ҳодиса) рух дода, бар асари он 87 нафар ҳалок (соли 2013 – 111 нафар) ва 274 нафар (соли 2013 – 245 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.
Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 62 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2013 – 65 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 19 нафар ҳалок (соли 2013 – 19 нафар) ва 51 нафар кӯдакон (соли 2013 – 50 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста