Бар асари тирпарронӣ назди метрои «Каховская»-и шаҳри Маскав 4 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дида, дар бемористон бистарӣ шуданд.
Бино ба иттилои «Интерфакс» бо такя ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, зимни санҷиши ҳодиса маълум шудааст, ки миёни ду гурӯҳи ҷавонон муноқиша сар зада, сипас тирпарронӣ сурат гирифтааст. «Ҳамаи иштирокчиёни муноқиша зодагони Тоҷикистони синни аз 21 то 34-сола мебошанд», - омадааст дар хабар.
Бино ба иттилои хабаргузории LifeNews , дар ин муноқиша ҳудуди 15 нафар иштирок карда, дар ҷойи ҳодиса кормандони пулис тирҳо аз силоҳи оташфишон, эҳтимолан аз таппончаи Макаровро дарёфт кардаанд. «Дар натиҷа Мӯнис Рустамови 30-сола, Азим Каримови 20-сола, Лашкарбек Анбарови 34-сола ва Карим Худобердиеви 30-сола осеб дида, аз рӯйи ин ҳодиса мақомоти пулис тибқи моддаи «авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз намуд», - гуфта мешавад дар иттилои хабаргузорӣ.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кормандони сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират рӯзи 9-уми ноябр дар хусуси ин ҳодиса ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гузориш додаанд.
«Кормандони мо бо шахсони масъули Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур вохӯрда, онҳо итминон додаанд, ки маълумоти пурра дар бораи ин ҳодисаро муфаттиш дар фурсати наздиктарин пешниҳод мекунад», - қайд кард Эгамзод.
Ба қавли шаҳрвандони тоҷики осебдида, рӯзи 8-уми ноябр дар назди метрои «Каховская» якчанд нафар назди онҳо омада, сигарет пурсидаанд ва чун посух гирифтаанд, ки «мо тамоку намекашем», ба муноқиша пардохтаанд.
Тибқи маълумоти сафорати ҶТ дар Русия, ному насаби се нафар шаҳрвандони тоҷики дар муноқиша осебдида маълум аст, ки инҳо сокинони ноҳияи Роштқалаъаи ВМКБ – Лашкарбек Анбаров, Ким Янимшоев ва Мӯнис Рустамов мебошанд.
«Айни замон се нафар шаҳрвандони зикршуда дар бемористон бистарӣ буда, вазъи солимии онҳоро табибон начандон вазнин арзёбӣ мекунанд ва ба ҳаёти онҳо ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад», - афзуд Эгамзод.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста