Як сокини вилояти Суғд, ки чанде қабл мавриди афв қарор гирифта буд, падарашро ба қатл расонид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи муътамад дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, чанде қабл шомгоҳон сокини 31-солаи ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ Табур Ғафуров зимни муноқиша бо падари 55-солааш ӯро бо як чӯбе ба сараш мезанад.
Ба иттилои мнбаъ, бар асари ин зарба мард ҷароҳат бардошта, дар ҷорйи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Табур Ғафуров соли 2010 мутобиқи моддаҳои 111 (Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) ва 244 (Дуздӣ)-и КҶ ҶТ маҳкум шуда буд. Санаи 4-уми ноябри соли равон мувофиқи Қонун «Дар бораи афв» мавриди афв қарор гирифт.
«Аз рӯйи ин далел барои оғози парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 110, қ. 3-и КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) чораҷӯӣ шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста