Шабонарӯзи сипаришуда дар қаламрави Тоҷикистон чор ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 15-ум декабр дар ҳуҷраи идораи кумитаи заминсозии шаҳри Чкалови вилояти Суғд дар масоҳати 12-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани гармкунаки барқӣ буда, зарари расонидашуда 1750-сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз дар манзили сокини 32-солаи ноҳияи Ёвонд Амиров Саидаҳмад дар масоҳати 64 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа болопӯш ва 2 тонна алафи хушк сӯхта нобуд шудааст. Сӯхтор дар натиҷаи оташбозии кӯдакон сар зада, ҳаҷми зиёни расида аз он 5000 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои мнабаъ, инчунин, дар оғилхонаи шаҳрванд Зубайдов Нурулло соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг, дар масоҳати 70 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, болопӯши оғилхона ва 1 тонна алафи хушк сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 2500-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор нодуруст истифода бурдани печкаи худсоз мебошад.
Зикр мегардад, ки ҳамчунин дар ин рӯз, дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Астанов Аҳрор соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Турсунзода дар масоҳати 72 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа болопӯши хона сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 5000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор истифодаи нодурусти печкаи худсоз ва беэҳтиётии соҳибхоназан мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста