Ахиран бино ахбори ахири бадастовардаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дирӯз (13 март) дар шаҳри Казон ҷасади яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон Қосимҷон Тӯраеви 44-сола, сокини шаҳри Душанбе дар яке аз қабристонҳои пойтахти Тотористон ба хок супорида шуд.
Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бо истинод ба консули генералиии ҶТ дар Уфа Олимхон Шамсов хабар дод, ин кор бо ризоияти волидайн ва наздикони марҳум дар доираи шариати исломӣ сурат гирифтааст ва ҷанозаи ҷавони тоҷик пешнамози намози ҷумъаи масҷиди "Оила" -и шаҳри Қазон қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин, имрӯз ҷасади Ҳикматуллои Ҳаётуллохони 23-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ тавассути хатсайри ҳавоии Қазон-Душанбе, ки ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» иҷро мекунад, ба ватан ирсол гардид. Ҳароҷоти интиқоли ҷасадро ба пуррагӣ мақомоти ҳукумати Қазон бар дӯш гирифта, масъалаи интиқоли ҷасади ду тан шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.
Зимнан зикр гардид, ки Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа ҳамчунин бо ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар шаҳри Қазон ва дигар мақомоти марбутаи ин қазия доимо дар тамос аст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия марги 4 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари сӯхтор дар фурӯшгоҳи «Адмирал»-и шаҳри Қазонро тасдиқ намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста