Мақомоти пулиси шаҳри Ярославли Русия як зан, шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамлу нақли тифли навзод дар дохили борхалтаи селлофанӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои хабаргузории Новости онлайн -76.ru , рӯзи якшанбе мусофирони нақлиёти мусофирбар (маршрутка)-и рақами 90 аз рафтори зане, ки кӯдакро бо худ дар дохили борхалат селлофанӣ мебурд, ба изтиробу тааҷҷуб омадаанд.
«Дар истгоҳи назди бемористон зане бо ду борхалтаи селлофанӣ ба дохили нақлиёт ворид шуда, дар истгоҳи «Лакокраска» дар дохили нақлиёт гиряи тифл садо дод. Марди дар паҳлӯи ин зан нишаста фарёд кард, ки «нақлиётро нигоҳ доред, дар дохили ин борхалта кӯдак ҳаст» ва танҳо баъди ин мусофирон (15 нафар) ба аз куҷо баланд шудани садои кӯдак сарфаҳм рафтанд. Ин занро борхалтаро гирифта, ба зонуи худ гузошт. Вақте мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват карданд, маълум шуд, ки тифл шашрӯза буда, ин зан барои шахсияти худ ва тифлаш ҳуҷчат надоштааст», - навиштааст бобати ин ҳодиса дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ Анжелика Мова.
Гуфта мешавад, дар шуъбаи пулис ошкор гардидааст, ки зани боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, баъди муайян кардани шахсияташ ӯро бо тифлаш ба бемористон баргардонидаанд. Пулис аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот оғоз намудааст. Нисбати ин зан мутобиқи моддаи «иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ» боз шудани парвандаи ҷиноӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин модда маҳрумият аз озодӣ то се сол пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста