Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи 14 апрел ҷасади боз як нафар ҳалокшуда Исломиддин Абдуллоеви 36-соларо аз зери ярч пайдо карданд.
Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон зери ярч иштирок доранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои 3 нафари боқимондаи зери ярч ҳалокшуда идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд.
Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар - Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд. Ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола рӯзи 7 апрел дарёфт шуда буд. Ҷасадҳои Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Наим Қурбонови 26-сола ва Саид Ҷалилови 18-сола рӯзи 10 апрел дарёфт гардид. То ҳанӯз аз зери ярч ҷасадҳои Далер Кабирови 17-сола, Фахриддин Нурови 29-сола ва Шодмон Амиршоеви 25-сола дарёфт нашудаанд.
Дарҳол пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста