Зимни як амалиёти махсус дар қаламрави ноҳияи Панҷ нимаи дуюми рӯзи 23 апрел шаҳрванди 28-солаи Русия аз ҷониби кормандони милисаи Тоҷикистон нобуд карда шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаҳрванди Русия Нагебин Семён Михайлович, соли таваллудаш 1987, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, бо лақаби «Салим» ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Панҷ парронида шудааст.
Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса маълумот дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба «Азия-Плюс» муяясар шуд, ки баъзе аз паҳлӯҳои ин масъаларо мушаххас намояд. Шаҳрванди Русия то замони парронида шуданаш, бо захми гирифта дар пояш аз силоҳи оташфишон ҳангоми амалиёти махсуси боздошти ӯ, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ таҳти назорати кормандони милиса қарор доштааст.
Тавре як манбаъ аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ иттилоъ дод, ин шаҳрванд баъди муқовимати мусаллаҳонаву бо корд ҳамла кардан ба корманди милиса, ки дар натиҷа кормандони милиса аз силоҳ истифода бурдаанд, аз пояш захм гирифта, дар шуъбаи ҷарроҳии бемористон бистарӣ шудааст. Аммо рӯзи 23 апрел Нагебин бо як навъе дастонашро аз завлона озода намуда, ба таппончаи милисаи палатаи онҳоро посбонидошта соҳиб мешавад ва кӯшиш мекунад, ки аз бемористон гурезад.
Ба гуфтаи манбаъ, кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳия каме дуртар аз бинои Хонаи маишӣ гурезаро иҳота намуда, ҳаноми муқовимати мусаллаҳона ӯ кушта мешавад.
Алҳол мушаххасан маълум нест, ки нахуст мақомоти интизомӣ С.Нагебинро маҳз бо кадом сабаб боздошт карданӣ будаанд. Дар сомонаи ВКД Тоҷикистон низ сабабҳои боздошти шаҳрванди Русия шарҳ дода нашудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста