Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 10 май дар километри 17-уми роҳи мошингарди ҳалқавии Маскав рух дод, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин садама автомашинаи тамғаи «Рено», ки дар дохилаш 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳзур доштанд, ба автомашинаи «БМВ» таҳти идораи шаҳрванди Русия бархӯрда, Абдуҷаббор Олимов (соли таваллудаш 1986) ва Бахтиёр Гулов (с/т 1994) аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Зимнан зикр гардид, ки осебдидагони дигар аз ин садама - Азимҷон Олимов (с/т 1988), Баҳодур Олимов ва Шаҳром Олимовро кормандони сафорати ҶТ дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар бемористон аёдат карда, вазъи солимиашон қаноатбахш аст.
Қобили зикр аст, ки фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон зодагони ноҳияи Вахш буда, Олимовҳо бародарон мебошанд.
Кормандони сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷиҳати ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хешону наздикони фавтидагон ҳамаҷониба мусоидат намуда, аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста