Борони шадид, ки шоми рӯзи 11-уми май ба боридан оғоз кард, ба ноҳияҳои Хуросону Ҷиликӯл ва Қубодиёни вилояти Хатлон хисорот ба бор овард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ин робита хабар дод, дар ҷамоати Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросон бар асари селфароӣ як манзили зист хароб ва ба 10 хонавода осеб расидааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ин офати табиӣ дар ҷамоати Деҳконободи ноҳияи Ҷиликӯл як пул хароб гардида, ба 10 оила қисман зарар расидааст.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Ҷиликӯл бар асари селфароӣ 23 манзили зист ва бинои 4 мактаби таҳсилоти умумӣ аз лойқа пур шуда, пули деҳаи Кӯҳдоман пурра тахриб шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Қубодиён лойқа ва дигар фаровардаҳои сел майдони беш аз 300 гектари заминҳои киштро пур кардаанд. «Хушбахтона, талафоти ҷонӣ миёни аҳолӣ ҷой надорад», - иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон гурӯҳи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойҳои ҳодиса қарор дошта, ҳаҷми зиёни расидаро муайян мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста