Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи прапоршики 46-сола, нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Ҷӯрабек Дӯстов оғоз намуд, ки ду ҳафта қабл бе ному нишон ғайб задааст.
Аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи прапоршик аз рӯзи аввали бедарак шуданаш оғоз гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Фароғат Холова ҳамсари прапоршик ба радиои «Озодӣ» дар ин робита изҳор доштааст , ки шавҳараш соати чори рӯзи 8 май аз хона берун шуда, гуфтааст, ки ба туйи як ҳамкораш меравад. «Баъзе ҳуҷҷатҳояшро гирифта баромад ва гуфт, ки шояд шаб омада натавонад. Соати 9-и шаб занг зад ва гуфт, ки намеояд ва баъди ҳамин дигар телефонаш хомӯш шуд. Ӯ он қадар мазҳабӣ набуд ва гоҳ-гоҳ менӯшид, аммо ба хона дар ҳолати мастӣ намеомад. Овозаи Сурия рафтани ӯ ҳеч ба ҳақиқат рост намеояд», - иброз доштааст ӯ.
Хешону наздикон ва дӯстони Ҷӯрабек Дӯстов, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ 23 сол таҷрибаи корӣ дорад, қотеъона имкони ба Сурия рафтани ӯро рад мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста