Корҳои ҷустуҷӯи се нафар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 10 рӯз қабл бар асари ҳодисаи нохуш дар роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ ба ҳалокат расида буданд, идома доранд.
Шаби 16 май дар километри 369-уми роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Дарвоз як кӯҳпораи бузурге ба болои автомашинаи тамғаи «Нисан-Патрул» чаппа шуда, дар натиҷа автомашина ба дарёи Панҷ сарозер рафт ва чор нафар сокинони ВМКБ ҳалок шуданд. Ҷасади як тан аз онҳо дарҳол пас аз ҳодисаи фоҷеабор дарёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳарчанд маҷрои тези оби дарё мушкилиҳои зиёд эҷод кунад ҳам, наҷотдиҳадагон корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳоро идома медиҳанд.
Бар асари ин садамаи маргбор ронандаи автомашина, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯшон Алидод Ниҳолов ва мусофирони автомашина - Саидқадам Худойбердиеви 55-сола, Худойбердӣ Худойбердиеви 43-сола ва ҳамчунин Нилуфар Эмолмназароваи 23-сола дар дарё ғарқ шуда, наҷотдиҳандагон то ҳол танҳо ҷасади ҷавонзанро дарёфт кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста