Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ се тан ҷони худро аз даст доданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шабона ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди кӯчаи Борбади ноҳияи Сино ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди 38-солаи сокини пойтахтро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааш, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, санаи нимаи рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 28-солаи сокини ноҳияи Шӯрообод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофирони дохили автомашина: ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Инчунин зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки худи ҳамон рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ, ба самти деҳаи Дарёобод аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, дар канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири дохили автомашина, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста