Ҳавопаймои хатсайри Новосибирск - Душанбе бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии яке аз мусофирон, зани 30-сола аз маъмурияти фурудгоҳи шаҳри Барнаул фурудоии изтирориро дархост намуда, ба майдони ҳавоии ин шаҳр нишастааст.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости бо истинод ба кормандони фурудгоҳи Барнаул, табибони мошини ёрии таъҷилии тиббӣ муайян кардаанд, ки зимни парвоз дарди эпилепсияи ин мусофир хурӯҷ карда, ӯро ба бемористони шаҳр фиристодаанд.
Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо, ки мутааллиқи ширкати «Сибир» будааст, баъди дубора дастрас кардани маводи сӯхт аз фурудгоҳи шаҳри Барнаул ба Душанбе раҳсипор шудааст. Муддати вақти нишасту ба бемористон интиқол додани мусофири бемор ва парвози дубора каме бештар аз 1,5 соатро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста