Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расиданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, рӯзи 2 июл ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Хуҷанд ба самти ш. Душанбе дар рӯ ба рӯи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дохили дарёи Варзоб чаппа шуда, ғарқ мешавад.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ронандаи автомашина ва мусофири он, зани шахсияташ номаълум, тахминан 40-45 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади мусофири дигари автомашина, марди шахсияташ номаълум, тахминан 25-30-сола, аз ҳудуди деҳаи Варзоб дарёфт карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста