Шаби гузашта дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бори навбатӣ селобаҳо ҷорӣ шуданд.
Сухангӯи раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари ҷоришавии ин селобаҳо як муддате маҷрои дарёи Ғунд боз баста шуд.
Ба гуфтаи ӯ, аз кӯли сунъие, ки дар натиҷаи ҷорӣ шудани селобаҳои тайи чанд рӯзи ахир пайдо шудааст, об ҷорӣ шуда, айни замон бо маҷро ба поён меравад. «Айни замон хатари ҷамъшавии минбаъдаи об дар обанбори сунъӣ вуҷуд надорад», - гуфт ӯ.
Дар идома номбурда зикр кард, ки вале то ҳол такроран фаромадани сангпораҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад, ки метавонанд маҷрои дарёро банданд.
Ӯ таъкид дошт, ки бари селобае, ки маҷрои дарёи Ғундро бастааст, айни замон то 1 километр расида, дарозии обанбори сунъии пайдошуда ҳудуди 2 километрро ташкил медиҳад.
Раҳмонқулов қайд кард, ки тибқи маълумоти пешакӣ, наздики 60 манзил зери об мондааст. «Мардуми аз манзил маҳрумшуда муваққатан дар хаймашаҳраки деҳаи наздики Манем иқомат доранд», - афзуд ӯ.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки вазъи баамаломада дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бар асари офати табиӣ тадриҷан ба эътидол омада, сатҳи об дар кӯли пайдошуда дар натиҷаи фаромадани селу лойқа тайи рӯзҳои ахир ба таври назаррас поин рафтааст.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста