Вазъи баамаломада дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бар асари офати табиӣ тадриҷан ба эътидол меояд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сатҳи об дар кӯли пайдошуда дар натиҷаи фаромадани селу лойқа тайи рӯзҳои ахир ба таври назаррас поин рафтааст.
Ба иттилои манбаъ, комиссияи ҳукумати таҳти раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода муддати ду шабонарӯз аст, ки дар маҳалли офати табиӣ қарор дорад.
Комиссия муайян кардааст, ки бар асари ин офати табиӣ 56 манзили зист пурра ва боз даҳҳо хонаҳо қисман хароб гардида, 2 пули мошингузар ва 2 пули роҳгузар вайрон шудаанд. Ғайр аз ин, беш аз 4 километр роҳҳои мошингард ва 3 километр хатҳои интиқоли барқро об шуста, тибқи маълумоти пешакӣ, зиёни расида аз офат айни замон 20 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ аз нерӯгоҳи «Хоруғ» барқарор шуда, энергетикхо ба барқарор намудани хати интиқоли барқи нерӯгоҳи «Помир-1» ба самти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят машғуланд.
Зимнан зикр гардид, ки сокинони аз манзил маҳрумшудаи деҳаҳои Барсем ва Бердиковобод ба хаймашаҳрак кӯчонида шудаанд ва ҷудо кардани қитъаҳои замин ба онҳо барои сохтмони манзилҳои нав дар назар аст. Дар бунёди манзилҳои нав ҳукумат ҳамаҷониба онҳоро кумаку дастгирӣ хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки вазъ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар робита ба баста шудани маҷрои дарёи Ғунд бар асари фаромадани сел ва обу лойқаи ҳамроҳ бо он хеле ташвишовар арзёбӣ гардида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста