Бар асари боришоти шадиди шабонарӯзи гузашта ба ҷуз ВМКБ, дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуданд.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бар асари фаромадани сел дар ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Пингуни водии Рашт маҷрои дарёи Камароб баста шуда, дар натиҷаи обхезӣ 6 манзили зист, 1 бӯстонсаро, 10 километр роҳи мошингард ва 2 осиёб қисман хароб шудааст.
Дар ҷамоати Навдии деҳаи Бедак ва Ҳалқарфи водии Рашт 50 манзил пурра ва боз 100 хонаи дигар қисман вайрон шуда, сокини 28-солаи маҳаллӣ, маъюби дараҷаи дуюм зери ярч мондааст.
Дар деҳаи Қарасойи ҷамоати Кашоти ноҳияи Ҷиргатол ярчи селоба ҳамаи заминҳои киштро шустааст.
Дар деҳаи Охтангии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар натиҷаи фаромадани ярчи селоба 200 метр роҳи мошингард шуста шуда, заминҳои кишти кишоварзон нобуд шудааст.
Ёдрас мекунем, ки зиёни офати табиӣ бештар дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ба мушоҳида расид. Бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ на кам аз 3 тан ба ҳалокат расида, боз се нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуда , ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста