Дар ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд падар аз зарби корди писар ҷароҳат бардошт.
Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба гумони даст доштан дар ин амал сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан Н.И. боздошт шудааст.
«Маълум шуд, ки рӯзи 27 июл дар манзилашон миёни гумонбаршуда ва падараш муноқиша сар зада, ӯ ба шиками падараш бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 110, қ 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста