Бар асари 2 садамаи нақлиёт, ки рӯзи 4 август дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Тавилдара рух доданд, 5 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 63-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сомониён ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол - писарчаи 2-сола ва марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, баъдан ба канори роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, мусофираш марди 60-сола ва пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Инчунин пиёдагарди дигар ва мусофири дохили автомашинаи мазкур марди 59-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Галопер”, марди 30-солаи сокини ноҳияи Тавилдара ҳангоми ҳаракат дар мавзеи пуштаи “Чошт”-и ноҳияи мазкур, берун аз роҳи нақлиётгард автомашинаро ба чуқурии 500-метр чаппа намудааст. Дар натиҷа ронанда ва мусофири дохили автомашина, зани 29-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дигар мусофирони автомашинаи мазкур марди 27-сола, писарчаи 7-сола ва ҷавони 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста