Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳодиса фоҷеабор ба вуқӯъ пайваст.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сокини 23-солаи деҳаи Устунги ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ К.В. аз ҳисси адовату душманӣ ба манзили оилаи Р.Г.-и 24-сола ва зани 22-солаи ӯ Д.Г. ворид шуда, бо милтиқи шикорӣ ҳарду онҳоро мепарронад, ки онҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Гумонбаршуда дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини ноҳияи Ғончӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардид.
Муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда санаи 18.08.с.2015, тахминан соати 16:00-дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо келинаш, зани 31-солаи истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, се маротиба ба қафаси сина ва ду маротиба ба дасти чапаш задааст. Дар натиҷа, зани ҷабрдида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 22 ҳодисаи одамкушӣ (6 моҳи соли 2014 - 23 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста