Ҳавопаймое, ки субҳи рӯзи панҷшанбе аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд, таъҷилан дар фурудгоҳи «Курумоч»-и шаҳри Самараи Русия фуруд омад.
Директори шуъбаи ёрии таъҷилии тиббии шаҳр Евгений Гордон ба хабаргузории 63.ru дар ин робита иттилоъ додааст, ки зимни парвоз вазъи солимии яке аз мусофирзанони ҳавопаймо, ки амрози дил доштааст, бад шуда, 13 дақиқа пеш аз нишастани ҳавопаймо гурӯҳи табибон дар фурудгоҳ ҳозир шудаанд.
Гуфта мешавад, баъди нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳ ба ин зан кумаки тиббӣ расонида шуда, сипас вақте ки зан аз дарди меъда ҳам шикоят мекунад, ӯро ба бемористон мебаранд. Ҳавопаймо бо 189 мусофир ба парвози худ идома додааст.
Дар ҳамин ҳол, «Интерфакс» иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои Airbus-321, ки дар фурудгоҳи шаҳри Самара таъҷилан фуруд омад, ба ширкати ҳавопаймоии «Сибир»-и Русия мутааллиқ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста