Тайи рӯзҳои 29-30-августи соли равон дар ҷумҳурӣ 5 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки ба марги ноболиғон боис гардидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, санаи 29 август хурдсол, писарчаи 1-солаи сокини ноҳияи Қумсангир аз беэҳтиётии волидайнаш беназорат монда, ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 30 август писарбачаи 2-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, ноболиғ писарбачаи 7-солаи сокини шаҳри Конибодом, аз беназорат мондани волидонаш, ҳангоми оббозӣ кардан дар оби заҳбури саҳрои деҳаи Қӯрғонча ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Б.Ғафуров, ноболиғ, писарбачаи 8-солаи сокини ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, аз беэҳтиётии худ ба оби ҳавзи чойхонаи Сурх афтида, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, рӯзи 30 август ноболиғ, духтарчаи 13-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми пухтани хӯрок аз беэҳтиётии худ дасташ ба сими лучи плитаи худсоз расидааст, ки дар натиҷа охирин аз ҷараёни қувваи барқӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста