Дар вилояти Суғд як мард бо зарбаҳои марговари корд ҳамсарашро кушта, моиндари ӯро захмӣ кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, чанде қабл шомгоҳон сокини 53-солаи ҷамоати Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов Ю.А. зимни муноқишаи оилавӣ бо зарбаҳои корд ҳамсари 49-солааш Ю.М.-ро кушта, моиндари 54-солаи ӯ М.М.-ро захмӣ кардааст ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷароҳатҳои бардошта Ю.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, моиндари ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони маркази ноҳия бистарӣ шудааст.
«Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати боздошти ҷинояткор тадбирҳо роҳандозӣ шуданд», - афзуд сарчашмаи хабар.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста