Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ шахсони номаълум сӯи муллои 63-сола Озодбек Асматбеков тир кушодаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Рӯзи 17 сентябр Озодбек Асматбеков бо се захм аз тир ба бемористони ноҳия интиқол гардида, ҷарроҳӣ шудааст.
«Ҳозир табибон ба назди ӯ даромаданро иҷозат намедиҳанд, то ки мо аз ӯ нишондод гирем, аммо дар роҳ ба бемористон Асматбеков баҳуш буда, гуфтааст, соатҳои 10-и шаб ба боғ, ки гирдаш панҷара надорад, баромада, наздаш се мард омадаанд ва гӯгирд пурсидаанд. Ҳангоме ки ӯ гӯгирдро ба онҳо дароз карданӣ шудааст, яке аз мардҳо ба тирпарронӣ оғоз кардааст. Ӯ ҳеҷ касе аз онҳоро нашинохтааст», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, айни замон вазъи солимии Асматбеков қаноатбахш буда, ба ҳаёти ӯ ҳеҷ хавфе таҳдид намекунад. «Баъди иҷоза додани табибон мо бо ӯ дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи шаби 17 сентябр муфассалтар суҳбат мекунем», - иброз дошт манбаъ.
Ӯ ҳамчунин халиф будани Озодбек Асматбековро рад намуд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Асматбековро ҳама ҷодугар меноманд ва ӯ кайҳост, ки ба сеҳру ҷодуву тӯмордиҳӣ машғул будааст.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз рӯи ин ҳодиса санҷиш ҷараён дошта, мақсади ҳамлаи афроди ношинос маълум нест ва касе ҳам то ҳол гумонбар дониста нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста