Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шудааст. Худи зан аз дарёи Вахш зинда берун оварда шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Ин ҳодиса рӯзи 21 сентябр дар ноҳияи Вахш рух додааст. Он рӯз, Саломат Пирова хонаи ҳамсарро оташ зада, худ ва се кӯдакашро ба дарё партофтааст. Дар ин ҳодиса ҳарсе кӯдаки зан ҷон дода, худи ӯ зинда берун оварда шуд. Кӯдакони фавтида - Алишери 4−сола, Садбарги 2−сола ва Сумайяи 6−моҳа мебошанд.
Худи Пироваро ҳамдеҳагон зинда, вале дар ҳолати беҳушӣ аз об берун оварданд ва ҳоло ӯ дар беморхонаи Вахш бистарӣ мебошад. Ҳанӯз ангезаи даст ба худкушӣ задани ин зан, ки боиси ҳалокати фарзандон шудааст, маълум нест.
Хабарнигори радиои Озодӣ, ки ин мавзӯъро таҳқиқ дорад, гуфтааст, дар назари аввал, зиндагии Пирова хеле хоксорона менамояд ва зоҳиран ӯву шавҳараш зиндагии фақиронаеро доштаанд. Ҳамсари Саломат Пирова - Аҳлиддин Абдуллоев то як ҳафта пеш бекор буд. Ҳамин 7-8 рӯзи охир кӯшиш мекард ҳамчун чекчин дар бозори маҳаллӣ пуле ба даст оварад. Ҳоло фарзияи асосии ин фоҷеа - фақру бебизоатии шадиди хонавода гуфта мешавад.
Ҳодисаи мазкур шабеҳи фоҷеае дар Душанбе аст, ки 5 июл дар Душанбе рух дод. Он рӯз як сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева ҳамроҳ бо се тифти ноболиғаш худро ба дарёи Душанбе андохт ва боиси ҳалокати фарзандонаш шуд. Худи ӯро зинда аз об берун оварданд. Ҳоло парвандаи ин занро додгоҳ баррасӣ мекунад ва бар тибқи арзёбиҳои пешакии ҳуқуқшиносон, ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста