Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади санҷиши омодагии ситодҳои минтақавиаш ба фасли зимистон, аллакай нуҳумин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба бисёрҳарбаро баргузор намуд.
Котиби матбуотии Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мусобиқаҳои доиргардида дар Варзобу Душанбе дастаҳои Маркази наҷотдиҳандагони КҲФ, ситодҳои Кумита дар Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Кӯлоб ширкат варзида, ҳайати ҳар кадом даста аз 7 нафар иборат буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқаҳо тарзу усулҳои кори наҷотдиҳандагон дар об, шароити кӯхсор, макони душворгузар ва ҳангоми офатҳои табиӣ тамрину санҷида шуда, малакаҳои кӯҳнавардии наҷотдиҳандагон сайқал ёфтанд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа зинаи аввалро дастаи Маркази наҷотдиҳандагон, мақоми дуюмро наҷотдиҳандагони Душанбе ва ҷойи сеюмро дастаи вилояти Хатлон ишғол намуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо тақдим карда шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста