Ҳавопаймои АН-12, ки субҳи 4 ноябр дар Судони Ҷанубӣ суқут кард, ба номи ширкати Asia Airways-и Тоҷикистон сабт шудааст. Дар пайи ин садама ҳадди аққал 25 нафар ҷон бохтанд.
Масъулони ширкати тоҷикистонии "Asia Airways", ки ҳавопаймои АН-12 бо номи он сабт шудааст, мегӯянд, ки дар дохили ҳавопаймо он ягон шаҳрванди Тоҷикистон набуд. Нарзиқул Ҳамроев, мудири кулли ин ширкат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, халабонҳояш асосан арманиҳо будаанд.
Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо рӯзи 4 ноябр ба қасди Палоч дар аёлати Нили боло парвоз мекард, вале дар наздикии фурудгоҳи байналмилалӣ суқут кард. Сухангӯи президенти Судони Ҷанубӣ Атени Век гуфтааст, ду нафар – як узви экипаж ва як кӯдак – аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардаанд. Расонаҳо мегӯянд, ҳавопаймои АН-12 чанд лаҳза баъди парвозаш суқут кард ва болои моҳигирону сокинон афтод, ки ба навиштаи онҳо дар канори Нили Сафед машғули кор будаанд.
Нарзиқул Ҳамроев гуфтааст, иллати садамаи ҳавопаймои онҳо маълум нест ва мушаххасоташ танҳо баъд аз анҷоми таҳқиқот маълум мешавад. Ба қавли ӯ, ин ҳавопаймо бар асоси қарордод дар истифодаи ширкати “Ала Интернешнл” қарор доштааст, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сабтином шудааст.
"Ҳавопаймо аз ширкати тоҷикӣ аст ва аммо барои истифода ба як ширкати сабтшуда дар Иморот дода шудааст. Мо суғурта ё бима ҳам дорем. Албатта, намояндаи мо дар таҳқиқи ин ҳодиса ҳузур хоҳад дошт ва танҳо таҳқиқ рӯшан мекунад, ки иллати садама чӣ буд. "Ала Интернешл" ба тамоми ин масъалаҳо машғул хоҳад шуд," – афзудааст Ҳамроев.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Комсомолская правда"-и чопи Маскав навиштааст, ки ин ҳавопаймо дар тӯли солҳои 2007-2014 дар Арманистон истифода шуда, ҳамагӣ як соли пеш аз ҷониби ширкати тоҷикистонӣ харидорӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста