Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия як зани 34-сола, сокини ноҳияи Муъминободро ба гумони куштори тифли худ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки ин зани бешавҳар тифли навзоди худро дар дохили ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиашон партофта, ба ҳалокат расонидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин рӯзи 9 ноябр кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи Спитаменро ба гумони фурӯхтани тифли навзоди худ дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда писарии навзоди якмоҳаи худро дар хонаи истиқоматиаш ба оилаи ҷавони сокинони ҳамин ноҳия ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.