Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт ду нафар кӯдакони хурдсол ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, санаи 9 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, марди 34-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Чанок-Бӯстон дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол, писарбачаи 7-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра», марди 43-солаи сокини ноҳияи Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарбачаи 6-солаи сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст, ки дар натиҷа писарбачаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.