Муҳоҷирони корие, ки аз қабулгоҳи махсус барои шаҳрвандони хориҷии вилояти Нижний Новгороди Русия фирор карда буданд, шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо мусоидати Аюб Нуриддинов, роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳр, муайян карда шудааст, ки се нафар муҳоҷире, ки аз қабулгоҳи махсуси Нижегород гурехтаанд, шаҳрвандони тоҷик набуда, шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.
Ёдрас мекунем, ки се нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ , ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қабулгоҳи махсуси вилояти Нижний Новгород нигаҳдорӣ мешуданд, бо истифода аз як қисм (асбоб)-и кат ҷойи девори аз хишт холии ҳуҷраашонро сӯрох намуда, аз ин муассиса гурехтаанд.
Самариддин Рустамов, ки ташаббускори эҳтимолии ин фирор дониста мешавад, якумра аз қаламрави Русия хориҷ карда мешавад. Ин қарор дар сатҳи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия қабул шудааст.
Айни замон фирориён мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса муайян карда мешаванд ва дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Нижний Новгород санҷиши дохилӣ ҷараён дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста