Чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон субҳи имрӯз кумаки аввал ба аҳолии аз заминларза осебдидаро то водии Бартанг расонида, дар роҳи бозгашт 25 нафар сокинони бештар ба кумак ниёзмандро ҳамроҳ гирифт.
Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз шумори умумии кӯчонидашудагон 4 нафарашон бемор, 12 нафар - кӯдакон ва боқимонда афроди бесарпаноҳмонда мебошанд.
«Беморон дар бемористонҳои ноҳия бистарӣ шуда, боқимонда муваққатан дар мактабҳо ва манзили хешовандонашон ҷойгир шуданд», - қайд кард Асламшоева.
Ба гуфтаи ӯ, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамроҳони ӯ - вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Хайриддин Абдураҳимов чанде пеш тариқи чархбол ба водии Бартанг раҳсипор шудаанд, то ки бо вазъи кӯли Сарез пас аз заминларза аз наздик ошно гардида, бо аҳолии осебдида мулоқот анҷом диҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста