Аввали моҳи декабри соли равон дар ҳудуди чарогоҳҳои ноҳияи Лейлек, вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамсарҳад аст, ҷасади ҷинсаш мард, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ аз захми корд ва сӯзонида шуда дарёфт карда шуд. Кормандони мақомоти милитсияи ҳамсоякишвар дар ин хусус ба ҳампешагони худ - масъулини ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов хабар доданд.
Бино ба иттилои маркази матуоти ВКД ҶТ, бахшу хадамотҳои оперативии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои муайян кардани шахсияти ҷасад ва пайдо кардани содиркунандагон маҷмӯи чорабиниҳои оперативиро ба роҳ монда дар баробари муайян кардани шахсияти ҷасад парда аз рӯи ҷинояти махсусан вазнин бардоштанд.
Гуфта мешавад, бо истифодаи методҳои фаври ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ ва либосҳои дар тани ҷасад мавҷуд буда ва тасдиқи наздиконаш муайян гардид, ки ин ҷасад шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Шавкат Насимович соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Қӯрғонча, ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷ.Расулов мебошад.
Ифшои гиреҳи ҷинояти бераҳмона ва асрори он танҳо баъди муайяну дастгир кардани содиркунандагон имконпазир буд. Пурсиши оперативӣ, ҷамъоварии маълумот дар миёни аҳолии деҳаи Қӯрғонча, ки ҷабрдида онҷо мезист, чеҳраи ҷинояткоронро маълум кард, ки шахсони бегона нестанд. Шаҳрвандон Неъматов Қаҳҳор Тиллоевич соли таваллудаш 1964 ва Маҳамадов Ҷумъабой Бойқулович соли таваллудаш 1973, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нав, деҳаи Қурғонча, ки бо ҷабрдида муносибати хешу таборӣ доранд, аниқтараш ҷабрдида Қодиров домоди онҳост, дар содир кардани куштори бераҳмона ҳамчун гумонбар дастгир карда шуданд.
Зикр мегардад, ки сар задани ҷинояти мазкур ба муносибатҳои оиладорӣ рабт дорад. Аз рӯи нишондоди гумонбаршавандаҳо ҷабрдида нисбати ҳамсараш, ки ба гумонбаршаванда Ҷумъабой Маҳмадов хоҳар ва ба Қаҳҳор Неъматов духтари амма мебошад, мунтазам муомилаи бераҳмона карда, ӯро мавриди лату кӯб қарор медодааст. Аз сабаби майл ба машрубот ва қиморбозӣ доштан вақтҳои охир фазои оиладориаш вайронтар гаштааст. Маҳз ҳамин омилро гумонбаршавандаҳо таҳрикдиҳандаи ҷиноят ҳисобида роҳи худсарона ҷазодиҳиро ихтиёр мекунанд.
Рӯзи ҳодиса баъди моҷарои навбатӣ ҷабрдида дар пайи ҷустуҷӯи ҳамсараш, ки аз хона берун рафта буд, назди бародари ӯ Ҷумъабой меояд ва миёнашон баҳсу гуфтугузор мешавад. Аз таассуроти моҷарои рух дода Ҷумъабой Маҳамадов бо маслиҳати пешакӣ бо тағобачаи худ Қаҳҳор Неъматов тарҳи ҷазодиҳиро кашида, шоми 1-ум ба 2-юми декабр, тахминан соатҳои 22:30-дақиқа ҷабрдидаро аз ҳудуди деҳа ба автомашинаи тамғаи ВАЗ-21011 савор намуда бо баҳонаи ҳал намудани муаммои ҷойдошта тавассути нақлиёти сабукрав ба ҷойи ҳодиса, минтақаи касногузари заминҳои чарогоҳи ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон оварда бо истифода аз корд ба ҳалокат мерасонанд.
Сӯзонидани ҷасад бо мақсади руйпӯш кардани ҷиноят иҷро гардида гумонбаршавандаҳо барои ин амал аз сӯзишвории бензин истифода кардаанд. Баъди анҷоми ҳаракатҳои ҷиноятӣ гумонбаршавандаҳо ба касе лаб накушода бовар доштанд, ки кирдори ваҳшиёнаашон ноошкор мемонад. Ҳарчанд яке аз онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бозпас оварда шуд.
Қайд мешавад, ки айни ҳол нисбати гумонбаршавандаҳо парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 104 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста