Мақомоти тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз моҳи сентябр боз дар боздошт қарор дорад, бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст.
Радиои Озодӣ бо такя ба як манобеъаш дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ду рӯз пеш мақомоти тафтишотӣ ба вакили мудофеи Саидумар Ҳусайнӣ аз поёни раванди тафтишот ва эълони айбнома хабар додаанд.
Ситора Азизова - вакили расмии Саидумар Ҳусайнӣ аз сӯҳбат бо матбуот дар бораи ҷузъиёти парвандаи муваккилаш худдорӣ кардааст. Пайвандони Ҳусайнӣ низ баъди даъват шуданашон ба як "сӯҳбат" бо мақомот аз ҳар навъ тамос бо хабарнигорон иҷтиноб меварзанд.
Бо истинод ба манбаъҳои худ Радиои Озодӣ моддаҳоеро, ки мутобиқи он ба Саидумар Ҳусайнӣ айбнома эълон шудааст, номбар мекунад: ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; иштирок дар ин иттиҳод; барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маҳалгароӣ; даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон; тахрибкорӣ; тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, одамкушӣ, терроризм, ҷалби одамон барои истисмор ва бисёрзанагӣ.
Гуфта мешавад, дар қонунҳои Тоҷикистон барои ин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, дар авоили моҳи оянда парвандаи Саидумар Ҳусайнӣ бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шавад.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 16-17 сентябр сохторҳои қудратии Тоҷикистон 13 тан аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ин ҳизбро боздошт намуданд. Ҳамаи боздоштшудагон ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карда шуданд, ки моҳи сенябри соли равон ба ноамн шудани вазъ дар ҷумҳурӣ даст дошт.
Баъди чанд рӯз Суди олии Тоҷикистон бо дархости Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста