Тақрибани соати 01:55-и рӯзи 20 янар дар пойтахт садамаи фоҷебаро рух дода, автомашинаи тамғаи BMW ба автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ бархӯрд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай» (ёрии тиббии таъҷилӣ), рақами қайди давлатиаш 762 ХС 01, Турсунов Ҳабибулло Маҳмадуллоевич соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи И.Сомонӣ ронандаи автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба аломати роҳ эътибор надода, ҳаракати худро бепарвоёна идома додааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа автомашинаи тамғаи «БМВ-745», рақами қайди давлатиаш 0777 ВР 07, ронандааш Сатторзода Аъзам Ҷамшед, соли таваллудаш 1992, ки аз самти кӯчаи Рӯдакӣ бо суръати баланд ҳаракат мекард, ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бархурдааст.
Зикр мегардад, ки бар асари бархӯрди ду автомашина кормандони беморхонаи ёрии таъҷилӣ: Турдиев Аъзам, соли таваллудаш 1976, Самиева Зебӣ, соли таваллудаш 1971 ва ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Турсунов Ҳабибулло ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Марказии миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ карда шуданд.
Қайд мешавад, ки пас аз се соати садама, ронандаи автомашинаи «БМВ» Турсунов Ҳабибулло ва ҳамшираи шафқат Самиева Зебӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста