Ду коргар аз Тоҷикистон ба чоҳи лифти яке аз сохтмони манзилҳои шаҳри Маскав афтодаанд. Дар ин бора «REGNUM» бо истинод ба Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи сешанбе, 26 январ дар сохтмони манзил бо суроғаи кӯчаи Ижорская рух дода, ду нафар шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон аз баландии ошёнаи ҳафтум ба чоҳи лифт сарозер рафтаанд.
Бино ба маълумоти «Интерфакс» , яке аз онҳо, ки ҳамагӣ 20 сол доштааст, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарӣ дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шудааст.
Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита зикр кардаанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ва ба беэҳтиётӣ роҳ додани коргарон ба ин ҳодиса сабаб шудааст.
«Федерал Пресс» хотиррасон мекунад, ки моҳи январ дар чоҳи лифт дар маҷмааи манзилҳои «Алые паруса» як зан ҳалок ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, электромеханики масъул ба хизматрасонии техникии лифт боздошт шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста