Пас аз муноқишаву занозанӣ дар хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Старообяческаяи шаҳри Маскав 15 нафар ба шуъбаи пулис оварда шудаанд.
Хабаргузории Интерфакс дар ин робита менависад , дар яке аз хобгоҳҳои ҷанубу шарқи Маскав миёни муҳоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Русия ва Осиёи Миёна муноқишаву занозанӣ рух додааст.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба агентӣ иттилоъ додааст, ки миёни як гурӯҳи русиягиҳои машғул ба истеъмоли машрубот ва кӯчарӯбони иқоматдошта дар хобгоҳ аз Ӯзбекистону Тоҷикистон муноқиша сар зада, сипас ба занозанӣ бо истифода аз корду болға ва дигар асбобу лавозимот табдил ёфтааст.
Дар натиҷа ду тан аз мардон ҷароҳат бардошта, кормандони милисаи бо даъвати сокинони маҳаллӣ ҳозиршуда 15 нафар иштирокчиёни муноқишаро ба шуъбаи пулиси маҳаллӣ бурдаанд ва айни замон ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , шаби 14 ба 15 феврал дар кӯчаи Старообрядческая дар ҷанубушарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия як гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон занозанӣ карда, пулис 15 тан аз иштирокунандагони ин занозаниро дастгир кардааст.
Иброҳим Худойбердиев, раиси Конгресси узбакҳову узбакистониҳои Русия рӯзи 15 феврал дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар занозании шаби ҷумъаи 12 ба 13 феврал байни муҳоҷирони тоҷику узбак дар шаҳраки Пролетарское дар ноҳияи Ступинои вилояти Маскав як нафар кушта ва чанд тан захмӣ шудаанд.
Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як иллати асосие, ки муҳоҷирони ҳамтақдир аз Тоҷикистону Узбакистонро дар Русия ба ҷони якдигар меандозад, шароити беҳуқуқии онҳост, ки муҳоҷиронро маҷбур ба ҷустуҷӯи гунаҳкори чунин вазъияташон аз байни худи онҳо мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста