Мақомоти маҳаллии ҳукумати шимоли Афғонистон изҳор доштаанд, ки шаби гузашта дар дар вулусволии Бағлони марказии вилояти Бағлон боз як пояи хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистгн ба Афғонистон тарконида шудааст.
Ин маротибаи дуюм аст, ки ба пояи хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон осеб расонида мешавад.
Муҳандис Ғуломҳусайн Ҳайдар, раиси барқи вилояти Бағлон рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин пояи барқ шаби гузашта тарконида шудааст, аммо ба замин наафтида ва ҷараёни барқ низ қатъ нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта баъди аз ҷониби толибон тарконда шудани хатти интиқоли барқ аз Ӯзбекистон, шаҳри Кобул 70% бебарқ монд. Раҳбарияти ширкати энерегетикии афғонии «Брешно» аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард , ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба ин кишвар зиёдтар карда шавад.
Баъдан толибон ҳамчунин ба симчӯби хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон низ осеб расониданд, вале пулис дар муддати кӯтоҳ ин қаламравро таҳти назорат гирифта, интиқоли барқ барқарор шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста