Шоми рӯзи 13 март назди хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Гертсени шаҳри Санкт-Петербург миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо кордкашӣ ба анҷом расид. Дар ин бора васоити ахбори умуми маҳаллӣ хабар медиҳанд.
«Тахминаи соатҳои 20-00 зимни муноқиша ва ҷанҷолу занозанӣ, ки бинобар сабаби хусумати шахсӣ рух дод, шаҳрванди Тоҷикистон ба зодаи Озарбойҷон бо корд зарба зада, ҷабрдида дар бемористони №26 бистарӣ шуд», - хабар додааст ба Life 78 як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Хабаргузории «Фонтанка» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин муноқиша ба собиқ ҳамсари зодаи Тоҷикистон рабт доштааст.
«Мақомот гунаҳкори ҳодисаро боздошт ва айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули кору таҳқиқанд», - менависад Rusargument .



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста