Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба гумони даст доштан дар куштор бо бераҳмии махсус рӯзи 31 март сокини 26-солаи ноҳияи Ҳисорро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда, шаби 27 ба 28 март, тахминан соати 01:00 дақиқа бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ, ба назди қаровули 62-солаи корхонаи коркарди чӯбу тахтаи ҶДММ “Ар-ар”, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор омада, бо корди худсози дар дасташ буда 22 маротиба ба узвҳои бадани ҷабрдида мезанад ва бо як бераҳмии махсус ӯро ба қатл мерасонад.
«Сипас қотил сандуқи оҳанини қаровулхонаро кофтуков карда, маблағи пулӣ меҷӯяд, аммо пул наёфта, аз амборхонаи корхонаи мазкур як бастаи арраи оҳанбуриро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст», - омадааст дар маълумот.
Ба иттилои манбаъ, ҳамин рӯз кормандони милитсия ҳамчунин боз як гумонбар ба куштори аммаи худ - марди сокини 41-солаи шаҳри Конибодомро боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, гумонбаршуда дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи рухдода аммаи 62-солаашро мавриди лату кӯб қарор дода, бӯғӣ кардааст, ки дар натиҷа зани солхӯрда бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ рӯзи дигар (28 март) дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самтҳо идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста