Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон автобусе, ки аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буд, мавриди ғорат қарор гирифт. Дар ин автобуси начандон бузург 18 нафар ҳузур дошта, қариб ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Бино ба иттилои хабаргузории КирТАГ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолобод, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон ронандаи мусофиркаши хурд (маршрутка)-и хатсайри байнулмилалӣ ба онҳо занг зада, изҳор доштааст, ки ба ӯ ва 18 нафар мусофиронаш ҳамла сурат гирифта, онҳо ғорат шудаанд. «Афроди номаълуми мусаллаҳ бо силоҳи оташфишон аз ӯ ва мусофиронаш маблағи зиёди пулиро тасарруф намудаанд», - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ба кормандони мақомоти милитсияи ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда ҷабрдидагон ҳикоят кардаанд, ки аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буда, аз ронанда дархост намудаанд, ки дар канори роҳ биистад, то ки аз ҳавои тоза нафас гиранду тамоку кашанд.
«Ин замон чор нафар ҷавони ниқобпӯш ба дохили автомашина ворид шуда, бо таҳдиди таппонча ҳамаро ба берун баровардаанд ва амр додаанд, ки ба замин бихобанд. Сипас бағочу борхалтаи онҳоро тагурӯ намуда, беш аз 100 ҳазор сом (ҳудуди 1 ҳазору 470 доллар)-ро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», - қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки ба гумони даст доштан дар ин ҳамлаи ғоратгарона чор нафар боздошт ва айни замон даст доштани онҳо ба дигар чунин ҷиноятҳо таҳқиқ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста