Аввали ҳамин ҳафта дар шаҳри Турсунзода ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайваста, як мард собиқ ҳамсарашро буғӣ карда кушт.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст.
Гуфта мешавад, гумонбаршуда, санаи 18-уми апрели соли равон, собиқ ҳамсараш, зани 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ба хати ҷангалзори берун аз шаҳри Турсунзода бурда, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда бо моддаи 104 (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста