Зимни як муноқиша дар Маскав миёни муҳоҷирони тоҷик ва гурӯҳи зодагони Қафқоз сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов ба ҳалокат расид.
Тавре котиби матбуотии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ иттилоъ дод, дар ин муноқиша боз як тоҷикистонӣ - Рӯзибек Самронов ҷароҳат бардоштааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, айни замон Р.Самронов дар дармонгоҳи ба номи Склифосовский бистарӣ буда, кормандони сафорат ба аёдати ӯ рафтаанд. «Ба Самронов кумак ва муолиҷаи зарурии тиббӣ расонида мешавад», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки баъди вохӯрӣ бо мақомоти тафтишоти Русия маълум шудааст, ки ба гумони даст доштан дар ин муноқиша аллакай 2 нафар боздошт шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста