Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки муноқиша миёни муҳоҷирони тоҷик бо зодагони Қафқоз назди яке аз мағозаҳои ноҳияи Бирюлеволи шаҳри Маскав, ки бар асари он сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов кушта шуд, барои пул ба вуқӯъ пайвастааст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз қавли шаҳрвандони Тоҷикистон зодагони миллаташон қафқозӣ аз муҳоҷирони тоҷик пул талаб карда, вақте онҳо рад мекунанд, муноқишаву занозанӣ оғоз мегардад.
«Панҷ нафар зодагони Қафқоз ба чор тан аз ҳамдиёрони мо дарафтода, ду нафари онҳоро бо зарбаи корд захмӣ кардаанд. Яке аз захмишудагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарӣ дар бемористон бистарӣ аст», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 105 КҶ ФР (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. «Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷараёни тафтиши ин қазияро пайгирӣ мекунад», - афзуд сухангӯи сафорат.
Ёдрас мекунем, ки бар асари ин муноқиша сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов кушта шуда, шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Рӯзибек Самронов бо корд захмӣ шуд. Р.Самронов дар дармонгоҳи ба номи Склифосовский бистарӣ буда, таҳти муолиҷа қарор дорад. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят аллакай ду нафар боздошт шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста