Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Роғун, ки 19 апрел ҳангоми фирор аз маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват кардан (облава) худро ба дарё партофта шуда буд, идома дорад.
Қаблан васоити ахбори умуми Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки сокини 19-солаи шаҳри Роғун Қиёмиддин Шарифов ҳангоми маъракаи маҷбур дастгир кардану ба хизмати ҳарбӣ фиристодан (облава) худро ба дарёи Вахш партофта, ғарқ шудааст.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди масъалаи мазкур иттилоъ доданд, ки айни замон ҷасади ҷавон дарёфт нашуда, вале ҷустуҷӯи он аз ҷониби наҷотдиҳандагон идома дорад.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз ду сол қабл, пеш аз оғози мавсими даъвати тирамоҳии соли 2014 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар машварат бо намояндагони Вазорати мудофиа ба комиссарони ҳарбӣ дақиқан дастур дода буд, ки ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ «аз тарзу усулҳои ғайриқонунӣ истифода накунанд», вале бо вуҷуди ин, чунин тарзу усул то ҳол мавриди амал қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста