Нимаи дуюми имрӯз, 27 апрел дар яке аз пулҳои пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона раҳгузарон мардеро дидаанд, ки яқинан худро ба дарё партофтанӣ будааст. Вақте бо ин мард ҳамсуҳбат мешаванд, ӯ мегӯяд, ки агар ба ӯ имкони вохӯрӣ бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистонро диҳанд, аз қасди худкушиаш даст мекашад.
Намояндагони сафорати Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, маълум шудааст, ки Абдулло Рӯзиеви 36-сола зодаи ноҳияи Мастчоҳ буда, бидуни пулу воситаи рӯзгузаронӣ дар шаҳри Остона қарор доштааст.
Аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки мардро ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон оварда, зимни вохӯрӣ бо сафир Назирмат Ализода ӯ чӣ гуна ба Остона омаданашро ҳикоят кардааст.
«Абдулло Рӯзиев бо қатора аз Хуҷанд ба Русия раҳсипор шуда, дар истгоҳи Казанкаи вилояти Челябинск бинобар сабаби манъи вуруд ба қаламрави Русия, аз қатора фароварда мешавад, вале бо ҳар роҳе ба Русия рафтанӣ шуда, бо дигар роҳҳо то ин кишвар расиданӣ мешавад, аммо боз аз ҷониби марзбонони рус боздошт ва аз қаламрави Русия хориҷ карда мешавад», - шарҳ доданд дар ВКХ ҶТ.
Қобили зикр аст, ки чӣ гуна ба Остона расидан ва чаро маҳз ба ин шаҳр омадани ӯ алҳол маълум нест. Айни замон масъалаи ба ватан фиристодани А.Рӯзиев ҳаллу фасл мешавад, зеро барои баргаштан ӯ маблағе надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста