Шаҳрванди Тоҷикистон Абдулло Рӯзиев, ки дар пойтахти Қазоқитсон - шаҳри Остона даст ба худкушӣ заданӣ буд, имрӯз ба ватан расонида шуд. Дар ин бора ВАО бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон аввал ба шаҳри Алмаато оварда шуда, сипас аз он ҷо аз ҷониби намояндагии дипломатӣ бо хатсайри мустақим ба Душанбе фиристода шудааст. Худи Рӯзиев барои сафар ҳеҷ маблағи пулие надоштааст.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми имрӯз, 27 апрел дар яке аз пулҳои пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона раҳгузарон мардеро дидаанд, ки яқинан худро ба дарё партофтанӣ будааст. Вақте бо ин мард ҳамсуҳбат мешаванд, ӯ мегӯяд, ки агар ба ӯ имкони вохӯрӣ бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистонро диҳанд, аз қасди худкушиаш даст мекашад.
Намояндагони сафорати Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, маълум шудааст, ки Абдулло Рӯзиеви 36-сола зодаи ноҳияи Мастчоҳ буда, бидуни пулу воситаи рӯзгузаронӣ дар шаҳри Остона қарор доштааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста