Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сппаришуда дар қаламрави ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт се нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 7 май ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, марди 45-солаи сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди деҳаи Ғажнии ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба дохили дарёи Варзоб чаппа шуда, дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина, зани 30-солаи сокини ш.Душанбе дар дарё ғарқ ва ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар таваққуфгоҳи ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе писарбачаи 2-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста